Дар Мексика яке аз раҳбарони бузургтарин шабакаи қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст. Рӯзи чоршанбе дар аёлати шимолу марказии Сан Луис Потосӣ маллоҳони мексикоӣ Иван Велакес Кабарлйеро раҳбари шабака ё худ картели Zetas-ро ба ҳабс гирифтанд. Ӯ бо лақаби "Z-50" ва "El Taliban" маъруф мебошад. Гурӯҳи Zetas аз ҳисоби афсароне ташкил шуда буд, ки аз артиш фирор намуда, ибтидо дар картели Gulf ё худ Халиҷ ҳамчун муҳофиз ифои вазифа мекарданд. Онҳо дар соли 2010-ум бо кордиҳандагони собиқаш равобитро қатъ намуда, шабакаи Zetas-ро ташкил карданд. Веласкес дар рӯйхати 37 раҳбари шабкаҳои қочоқчии маводи мухаддир шомил аст, ки мавриди пайгирди мақомоти Мексика қарор доранд.