Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Леонардо Да Винчӣ ду Мона Лиза офаридааст?


"Мона Лизаи Айлворт" дар паси парда
"Мона Лизаи Айлворт" дар паси парда
Як бунёд дар Швейтсария иддао дорад, ки Леонардо Да Винчӣ беш аз як нусхаи наққошии Мона Лизаро эҷод кардааст. Бунёди Мона Лиза бо соҳибони ин наққошии маъруф, ки замоне бо номи “Мона Лизаи Айлворт” маъруф будааст, музокирот мебарад. Бунёд мегӯяд, дар натиҷаи таҳқиқоти 35-сола онҳо ба хулоса омадаанд, ки “Мона Лизаи Айлворт” низ дар асри 16 эҷод шуда, аз Монаи Лизаи музеи Лувр тахминан даҳ сол бузургтар аст. Бунёд тасмим гирифтааст, имрӯз хулосаҳояшро ба расонаҳо пешкаш кунад.
XS
SM
MD
LG