Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ боз бӯҳрони Сурияро баҳс кард


Ҷомеъаи кишварҳои араб аз Созмони Милал хост, ки нигаҳи худро дар робита ба низоъ дар Сурия тағйир диҳад. Набил Ал-Араб, Дабири кулли ин ниҳод, дар нишасти Шӯрои амният, ки берун аз чаҳорчӯби Маҷмааи умумӣ сурат гирифт, изҳор намуд, ин низоъро бояд ба эътидол овард, зеро ҳангоми эътидол нуқтаи назари ҳама ҷонибҳо ба назар гирифта мешавад. Ӯ Шӯрои амниятро барои он интиқод кард, ки панҷ узви доимияш натавонистанд дар робита ба ҳалли бӯҳрони Сурия ба созиш бирасанд.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ ба Шӯрои амният ҳушдор дод, ки агар ҳалли қазияи Сурия пайдо нашавад, низоъ густардатар хоҳад шуд ва шояд дигар кишварҳои минтақаро ҳам фаро гирад. Низои Сурия таҳдид ба суботу ҳамнияти ҳама ҷаҳон, гуфт ӯ ва аммо афзуд, ки бурунрафт аз ин бӯҳрон аз роҳи низомӣ номумкин аст.

Аз ин пеш Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ, аз пешниҳоди ҳалли бӯҳрони Сурия тавассути дахолати низомии хориҷӣ интиқод кард. Ӯ таъкид кард, ки Миср барои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Сурия ҳама талошашро ба харҷ медиҳад.
XS
SM
MD
LG