Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи башар: дар Сурия 30 ҳазор нафар ҷон бохтаанд


Аз оғози низоъ дар Сурия дар якуним соли пеш беш аз 30 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи Ромӣ Абдураҳмон, раиси Маркази назорат ба ҳуқуқи башар, ки аз мухолифини Сурия пуштибонӣ мекунад, 21 ҳазор нафари қурбониён – сокинони осоиштаанд. Бар пояи арзёбии ин ниҳод, дар задухӯрдҳо тақрибан 7 ҳазор афсарону сарбозони ҳукуматӣ кушта шудаанд, беш аз 1800 нафар ҷониби мухолифин гузаштанд.

Рӯзи чаҳоршанбе дар як тирандозӣ дар Димишқ хабарнигори шабакаи телевизиониии эронии Пресс ТВ кушта шуд ва раҳбари шабакаи телевизионии дигари Эрон ҷароҳат бардошт. Ин ҳодиса баъд аз он рӯй дод, ки хабарнигорон барои наворгирии ҷойи ду таркиш дар канори бинои Ситоди кулли артиши Сурия омаданд.

Масъулияти ин таркишҳоро Артиши озоди Сурия, ки бо нерӯҳои вафодор ба Башор Асад меҷангад, бар ӯҳда гирифтааст.
XS
SM
MD
LG