Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони навраси тоҷик ба ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд


Тими футболбозони то 17 солаи тоҷик (U-17) дар даври саввуми гурӯҳии сабқати байналмилалии Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон бар ҳарифони белорусии худ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоии ин мусобиқа роҳхат гирифт. Дар ин бозии ҳалкунанда Комрон Турсунов, ҳамлагари ҷавони тими «Регар- ТадАЗ»-и Турсунзода ба дарвозаи ҳарифони белорусии худ 2 тӯб ворид кардааст. Тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» ҳунарнамоӣ мекунад. Онҳо дар даври аввал аз тими наврасони Украина бо ҳисоби 3:0 шикаст хӯрда ва дар даври дуввум тими наврасони Узбакистонро бо ҳисоби бузурги 4:0 мағлуб карданд. Рақиби тими наврасони футболи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон, дертар муайян хоҳад шуд. Маблағи ҷоизаи Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон 35 ҳазор доллари амрикоист. Ғолиби ин мусобиқа 20 ҳазор доллар, мақоми дуввум 10 ҳазор доллар ва барандаи ҷои саввум 5 ҳазор доллар дарёфт хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG