Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастнависи як асари Чингиз Айтматов ёфт шудааст


Пайвандони Чингиз Айтматов мегӯянд, дастнависи як асари номаълуми ин адиби маъруфи қирғизро пайдо кардаанд.Ширин Айтматова, духтари адиб гуфт, ин асар «Замин ва най» ном дошта, дар бораи нафарест, ки ҳангоми сохтани Канали бузурги Чуй дар солҳои 40 ҳайкали Буддоро пайдо карда буд.Ширин Айтматова гуфт, ҳангоми таҳқиқи бойгонии Чингиз Айтматов чандин асари дигари нотамом ва ҳам повесте бо номи «Барф ва тило»-ро пайдо кардаанд, ки бояд ба зудӣ ҳамроҳ бо «Замин ва най» ба русиву инглисӣ чоп шавад.
Чингиз Айтматов, сафири вақти Қирғизистон ва муаллифи асарҳои машҳуре, чун «Дуроҳаи бӯронӣ», «Ҷамила», «Алвидоъ, гулсарӣ» ва «Киштии сафед», соли 2008 дар синни 79 аз олам даргузашт.
XS
SM
MD
LG