Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бизнес бо сураҳои Қуръон. Бингар, ки чӣ мехоҳад?


Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, бо онки ҳамеша саховатпеша ҳастанд, вале аз густохии талбандаҳо дилгир шудаанд.

Сокинони Душанбе, ки чанд сол пеш бо хотираҳои бади давраи ҷанги дохилӣ аз тақ-тақи дар ва меҳмонони нохонда ҳарос доштанд ва акнун аз қуфлу калид даст кашидаанд, мегӯянд, талбандаҳо аз пазироии соҳибхонаҳо суистифода мекунанд. Онҳо баробари боз шудани дар вориди хона мешаванд ва бе ҳеҷ ҳарфе ба хондани сураҳои Куръон мепардозанд ва то аз соҳибхона чизе наситонанд, берун намераванд.

Маҳина, сокини 27-солаи пойтахт мегӯяд, афроди ношинос рӯзе чанд дафъа дари хонаи ӯро мекӯбанд, ва бидуни даъват вориди хона мешаванд: «Ин роҳи нави пулкоркунӣ шудааст. Пештар нон ва ё ин ки пул медодӣ, мегирифту мерафт. Ҳоло ин тавр не, маҷбур ба хона медароянд. Албатта, одам аз ин рафтори онҳо метарсад. Чунки мо намедонем онҳо ки ҳастанду мақсадашон чӣ аст? Гуфта намешавад, мабодо ягон дузд ё ҷинояткор бошаду ҳангоми ба хона даромадан ба одам ҳамла кунад, ҳеҷ кас чизе гуфта наметавонад. Бояд чунин нафарон назорат ва аз ҷониби кормандони милитсия бозпурсӣ шаванд».

Бархе аз шаҳрвандон мегӯянд, айни ҳамон афрод аз як сӯ дуову оят мехонанд ва худро порсову тақводор нишон медиҳанд ва аз сӯи дигар бо фанду фиреб даст пул меситонанд. Ҳамсӯҳбати дигари мо Шарқия Холова, омӯзгори яке аз мактабҳои пойтахт, таҷрибаи худро аз сарукор бо талбандаҳо ин гуна қисса кард:

«Як рӯз дар коргоҳ будам, як зани тақрибан 50-сола вориди мактаб шуд ва мегирист. Пурсидам, ки чаро гиря мекунед, гуфт, ки бечораву нодор аст ва писарчаи 10-солааш пас аз бемории тулонӣ, дар беморхонаи Карияи Боло даргузашт ва бояд ӯро ба зодгоҳаш водии Рашт барад, аммо пул надорад. Баъд аз чанд нафар пул ҷамъ кардему 70 сомонӣ ба дасташ додем, гуфт ки ин микдор пул кам аст боз 20 сомонии дигар дар болояш гузоштем ва ҳамагӣ 90 сомонӣ ба дасташ додему аз дари мактаб баромаду рафт. Баъд аз чанд рӯз ҳамон занак ба хона омад гуфт, ки дуо мехонам. Вақте 3 сомонӣ пулаш додам гуфт, ки ту бой ҳастӣ, шарм намедорӣ, ки пули кам медиҳӣ?».

Дар фазое, ки мардум ҳарчӣ бештар мазҳабдӯстдор мешаванд, истифода аз сураҳои китоби муқаддаси мусалмонон барои бисёриҳо шояд писанд аст ва кам нафароне метавонанд, баъд аз шунидани сурае аз забони меҳмони нохонда, чанд сомониро аз ӯ дареғ доранд. Аммо рӯҳониён мегӯянд, набояд оятҳои Қуръон омили пулкоркунӣ бошад. Зеро хондани Куръон дигар амал асту пурсидани садақа чизи тамоман дигар.

Абдулфазл Ҷалолов, як рӯҳонии тоҷик дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки оятҳои Куръонро барои ин амал истифода намудан гуноҳи кабира аст ва нафароне, ки ба ивази хондани оятҳои Қуръон чизе тамаъ мекунанд, худро ба гуноҳ мезананд: «Худованд мефармояд, ки «бихӯред аз касбатон, махӯред аз динатон», ба ин хотир ҳатто агар ҳангоми омӯзондани Куръон устод аз шогирд тамаъе дошта бошад, пас аз арҷи бузурге маҳрум шуда, гунаҳкори азим мешавад он устод».

Шикояти сокинон аз талбандаҳо дар ҳоле ба гӯш мерасад, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар мегӯянд, то ба имрӯз дар ин маврид ягон муроҷиате ба онҳо нарасидааст. Ва то ҳанӯз ҳеҷ парвандае дар робита ба чунин афрод боз нашудааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар кӯчаву бозор шумораи талбандаҳо зиёд аст, вале мавридҳои
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон
маҷбуран вориди манзили шаҳрвандон шудани онҳо сабт нагаштааст. Вай аз шаҳрвандон хост, ки «дар ҳолати ғайриқонунӣ ва маҷбуран ворид шудан ба хонаи сокинон, онҳо метавонанд ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд».

Саидшо Ҷумаев, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, бо вуҷуди он, ки саховат ва садақа яке аз анъанаҳои мусалмонон аст, вале нафароне ҳастанд, ки аз ин сӯистифода мекунанд: «Албатта афзоиши шумораи талбандаҳо? ба вижа наврасон бештар мушоҳида мешавад. Онҳо қобилияти хуби корӣ доранд, вале чун мебинанд, ки падар ва ё бародарони худ бо ин роҳ маблағ меёбад, ӯ низ ба ин роҳ меравад. Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, то барои амалӣ кардани Қонуни нави «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", ҷиддитар муносибат кунад».

Ба назари ин ҷомеашинос, агар аз як сӯй фақру нодорӣ боиси талбандагии сокинон шуда бошад, аз сӯи дигар ин раванд як одати маъмулии бархе нафаронест, ки ба пули безаҳмат одат пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG