Рӯзи сешанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ аз зодгоҳаш ноҳияи Данғара бо ишора ба болоравии нархи маводи ғизоӣ дар саросари олам аз кишоварзон даъват кард, ҳар ваҷаб замини корам барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ босамар истифода карда шавад.
Паёми президенти Тоҷикистон дар ҳоле пахш шудааст, ки нархи як халтаи 50-килограммаи орд дар Тоҷикистон ба 160-180 сомонӣ (тахминан 35 доллари ИМА) баробар шудааст.
Тоҷикистон солона ба тақрибан 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад, ки танҳо зери 1 миллионаш аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд. Душанбе боқии эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад, ки тақрибан 95 дарсадаш аз Қазоқистон аст.
Соли гузашта, барои мисол, ба Тоҷикистон аз Қазоқистон 438 000 тонна фақат гандум ворид шудааст. Бино ба оморҳо, ҳар моҳ ба ин кишвар аз Қазоқистон 28 000 тонна орду 37 000 тонна гандум ворид мешавад. Бо ин ҳол, пешбинии коршиносон нисбат ба дурнамои нархҳо чандон хушбинкунанда нест.
Бино ба иттилои Кумитаи омор, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 470 ҳазор тонна гандум ва 232 ҳазор тонна орд ворид шудааст.
Ҳамчунон дар ҷараёни зиёрат аз ноҳияи Данғара, Эмомалӣ Раҳмон дар кушоиши мактаби нав ширкат варзида бори дигар таъкид намуд, ки пахтакорон минбаъд бояд ба ҷамъоварии ҳосили пахта бе ҷалби мактаббачагон одат кунанд.