Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи 5,1-баллӣ дар қаламрави Тоҷикистон


Имрӯз соати 13-33 дар Тоҷикистон заминларзае рух дод, ки шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер 5,1 балл баровард мешавад. Бино ба гузориши “Ховар”, Маркази зилзиланигории Тоҷикистон маркази ин заминларзаро дар қаламрави Афғонистон дар 228-километрии ҷанубушарқи Душанбе медонад. Шиддати зилзила дар марказаш – 6, дар Хоруғ – 3 ва дар Душанбе 2 балл гуфта мешавад. Дар бораи кадом хисороте гузориш нашудааст.
XS
SM
MD
LG