Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 26 октябрро рӯзи таҷлили иди Қурбон муқаррар кард. Сухангӯи ин ниҳод Атовуллоҳ Қосимов гуфтааст, ки ин иди суннатии мусалмонон тибқи маъмул бо намозҳои идона дар тамоми масоҷиди ҷомеъи Тоҷикистон оғоз хоҳад ёфт. Ҳудуди 6000 зоири тоҷик имсол иди Қурбон, ё Ид-ул-Азҳоро ҳангоми иҷрои фаризаи Ҳаҷ ҷашн хоҳанд гирифт. Парвози зоирон аз Душанбеву Хуҷанд ба Арабистони Саудӣ аз 29 сентябр оғоз хоҳад ёфт.