Имрӯз дар Ню-Йорк иҷлосияи навбатии Маҷмааи кулли СММ ифтитоҳ мешавад. Дар нишасти рӯзи сешанбе раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва президенти Фаронса Франсуа Ҳоланд суанронӣ хоҳанд кард.
Дар арафаи иҷлосия Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, Шӯрои амнияти СММ-ро дар ҳимоят аз силоҳи ҳастаии Исроил айбдор кард. Ӯ гуфт, ки Эрон омода аст худро аз ҳама гуна ҳамлаи Исроил дифоъ кунад ва афзуд, ки давлати яҳудиҳо дар Ховари Миёна ягон реша надорад. Баъд аз суханронии Аҳмадинажод ҳайати Исроил нишасти СММ оид ба волояти қонунро тарк намуд.
Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин ИМА ва дигар кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ-ро дар он айбдор кард, ки онҳо алайҳи нашри филми зиддиисломӣ дар интернет изҳороте нашр накарданд, дар ҳоле, ки он боиси эътирозҳо дар кишварҳои гуногуни олам шуд.
Аз ин пеш Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, ба раисиҷумҳури Эрон ҳушдор дода буд, ки аз суханрониҳои таҳрикдиҳанда худдорӣ кунад.