ИМА аз интихоботи ахири парлумонӣ дар Белорус интиқод кард ва эълом дошт, ки ин маърака озоду одилона сурат нагирифтааст. Дар изҳороти Виктория Нуланд, намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико гуфта шудааст, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар дар Белорус, аз ҷумла, раҳоии ҳама маҳбусони сиёсӣ – шарти аслии беҳтаршавии робитаҳои дуҷонибаи Вошингтон бо Минск мебошад.
Аз ин пеш изҳоротҳо аз номи раҳбари бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон, раиси Парлумони Аврупо Мартин Шултс, ҳайати нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо нашр шуданд, ки дар онҳо ба шароити нобаробари мубориза барои намояндагони мухолифинн, дастрасӣ надоштани мухолифин ба расонаҳо. фишор болои номзадҳову интихобкунандагон ва қонуншиканиҳо дар ҷараёни раъйдиҳӣ таъкид шудааст.
Дар натиҷаи интихобот нафаре аз намояндагони мухолифини белорус ба парлумон роҳ наёфт. Нерӯҳои асосии мухолифи ҳукумати Минск интихоботро таҳрим карда буданд.
Мақомоти Белорус аз арзёбии интихобот аз сӯи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо изҳори таассуф карда онро дорои ангезаи сиёсӣ хонданд.