Бино ба натиҷаҳои пешакии интихоботи порлумонии Ҷумҳурии Белорус, ҳеҷ яке аз номзадҳои мухолифи давлат ба порлумон роҳ наёфтаанд. Кумиссиёни Марказии Интихоботи Белорус гуфт, 109 номзад ба мақоми вакилӣ умдатан, тарафдорони раиси ҷумҳур Александр Лукашенко бо касби аксарияти раъйҳо ба порлумон роҳ ёфтанд. Танҳо дар як ҳавза интихобот ба даври дуввум кашида шудааст, зеро ҳеҷ яке аз довталабон 50 дар сади кофӣ барои пирӯзиро ба даст наовардааст. Дар порлумони нави Ҷумҳурии Белорус, се вакили Ҳизби Коммунист ва як вакил аз Ҳизби Кишоварзӣ низ роҳ ёфтаанд, ки ҳарду ҳам аз Александр Лукашенко тарафдорӣ мекунанд. Аксари аҳзоби мухолифи давлат интихоботро таҳрим карда ва аз тарафдоронашон хоста буданд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат накунанд. Дар интихоботи рӯзи якшанбе андаке бештар аз 74 дар сади мардум ҳузур доштаанд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба зудӣ, хоҳад гуфт, ки интихоботи порлумонии Ҷумҳурии Белорус то куҷо ба меъёрҳои як интихоботи демократӣ ва шаффофу одилона мувофиқ баргузор шудааст.