Дар канори маҳбаси Қасим, воқеъ дар наздикиҳои шаҳри Ар-Риёз, пойтахти Арбистони саудӣ даҳҳо нафар ҷамъ омада талаб карданд, ки пайвандаонашон аз зиндон раҳо карда шаванд. Минтақае, ки мардум ҷамъ омада буданд, аз сӯи кормандони полис муҳосира шуда буд.
Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, мақомот ҳазорон нафарро бидуни эълони ҷурм дар зиндон нигаҳ медоранд. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳукумати саудиро дар айбдор мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ одамони дигарандешро таъқиб мекунад.
Мақомоти Арабистони саудӣ мегӯянд, ки дар кишвар маҳбусони сиёсӣ нестанд. Намоишҳои эътирозӣ дар Арабистони саудӣ хело кам доир мешаванд, зеро баргузории онҳо аз рӯи қонун манъ карда шудааст.