Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Швейсария хостори манъи пурраи сигоркашӣ нест


Интихобкунандагон дар як назарпурсӣ дар Швейсария бо аксари овозҳо тарҳи қонун дар бораи манъи пурраи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро рад карданд. Бар пояи ин тарҳ, бояд қонун дар бораи маҳдудсозии сигоркашӣ дар тарабхонаҳо шадидтар ва дар юойҳои ҷамъиятӣ пурра манъ карда мешуд.

Азҳоби сиёсӣ ва ҳукумати Швейсария ба ин қонун мухолифат карданд. Дар натиҷа аз се ду ҳиссаи аҳолии кишвар алайҳи тарҳи қонун раъй доданд.
XS
SM
MD
LG