Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейтсария манъи сигоркаширо ба овоз монд


Имрӯз раъйдиҳандагони Швейтсария манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар дохили биноҳоро мавриди назархоҳии умумимардумӣ қарор доданд. Тибқи пурсишҳои ахир 52 дар сади пурсидашудагон тарафдори маҳдуд намудани ҷойҳои сигоркашӣ буда, 41 дар сад мухолифи ҷорӣ намудани маҳдудият мебошанд. 7 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки то ҳол дар масъалаи маҳдуд намудани ҷойҳои сигоркашӣ мавқеи мушаххас надоранд. Ҳадаф аз назархоҳии рӯзи якшанбе таҳқими қонунест, ки дар соли 2010-ум тасвиб шуда, манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиву кориро дар бар мегирад. Созмони ҷаҳонии беҳдошт тахмин мекунад, ки ҳар сол дар саросари дунё то 600 ҳазор нафар бар асари сигоркашии дасти ду ё худ дуди сигори дигарон ба ҳалокат мерасанд.
XS
SM
MD
LG