Вазири корҳои хориҷии Исроил Авигдор Либерман мегӯяд, кишвараш ҳеҷ тағйиру илова ба паймони сулҳ бо Мисрро, ки соли 1979 имзо шудааст, қабул надорад. Баъди барканории президенти Миср Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011-ум шумори зиёди сиёсатмадорони мисрӣ, аз ҷумла президенти ин кишвар Муҳаммад Мурсӣ ва ҷунбиши Ихвон ул муслимин, пешниҳод кардаанд, ки маҳдудияти ҳузури нерӯҳои мусаллаҳ дар нимҷазираи Сино лағв гардад. Ба қавли раҳбарони мисрӣ нимҷазира ноором буда, ба истиқлоли Миср хатар эҷод мекунад. Рӯзи 21 –уми сентябр дар Сино як сарбози исроилӣ ва се силоҳбадаст кушта шуданд.