Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзанди собиқ президенти Эрон ҳабс шуд


Президенти кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ( аз чап)ва собиқ президенти Эрон Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ (аз рост)
Президенти кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ( аз чап)ва собиқ президенти Эрон Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ (аз рост)
Имрӯз духтари собиқ президенти Эрон Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ бо ҷурми таблиғи зидди низоми давлатӣ ба муддати шаш моҳ зиндонӣ шуд. Фоиза Ҳошимиро рӯзи шанбе баъди бозгашташ аз Лондон ба ҳабс гирифтанд. Муҳокимаи духтари президенти собиқ моҳи январ барпо шуда, ҳамон вақт ӯро гунаҳгор эълон карданд, вале дахолати Рафсанҷонӣ боис шуд, ки мақомот аз иҷрои ҳукм худдорӣ намоянд.
Фоиза Ҳошимӣ-собиқ узви парламенти Эрон, собиқ раиси Федератсияи варзиши занон ва ҳомии шинохтаи ҳуқуқи зан аст. Дар баробари ҳабси шашмоҳа Фоиза Ҳошимӣ дар давоми панҷ соли оянда аз ҳаққи ширкат дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва рӯзноманигорӣ маҳрум шудааст. Рӯзи якшанбе писари собиқ президенти Эрон Маҳдии Рафсанҷонӣ баъди хатми таҳсил дар Британия ба Эрон бармегардад. Мансабдорони эронӣ пешниҳод кардаанд, ки ӯро ҳам бо иттиҳоми ташвиқи гирдиҳамоиҳои баъди интихоботи президентии соли 2009-ум ба ҳабс гиранд.
XS
SM
MD
LG