Фармондеҳони ошӯбгарони артиши Сурияи озод мегӯянд, онҳо ситоди ин артишро аз Туркия ба Сурия интиқол додаанд. Фармондеҳи ин артиш Риёз ас-Саъд иброз дошт, ки артиши Сурияи озод баъди машварат бо баталионҳо ва бригадаҳои масъули амният тасмим гирифт, ситодашро ба дохили хоки Сурия интиқол диҳад. Дар навори видео, ки ба расоанҳои хабарӣ фиристода шуд, бораи макони ин ситоди фармондеҳӣ чизе гуфта нашудааст.