Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирозҳои Покистон 16 кас вафот карданд


Гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Карочӣ
Гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Карочӣ
Мансабдорони покистонӣ мегӯянд, эътирозҳои рӯзи ҷумъа ҳаёти камаш 16 нафарро аз байн бурдаанд. Рӯзи ҷумъаи 21 сентябр дар саросари Покистон ҷамъомадҳои эътирозӣ бар муқобили як филми зиддиисломӣ ва нашри карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад дар як маҷаллаи фаронсавӣ доир шуданд. Аз ин миён 12 нафар ва аз ҷумла як афсари полис, дар бархӯрди полису эътирозгарон дар шаҳри бандарии Карочӣ кушта шуданд. 3 нафар дар Пешавар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин шаҳр эътирозгарон ду кинотеатр ва утоқ ё худ палатаи савдоро ба коми оташ кашиданд. Ҳамчунон дар бархӯрдҳои Пешавар ронандаи телевизионӣ маҳаллӣ, ки барои наворгирӣ ба макони бархӯрдҳо рафта будааст, ҳалок шуд. Дар Лоҳур ва Исломобод низ гирдиҳамоиҳо ҷой доштанду эътирозгарон мехостанд ба сафаоратҳо ва биноҳои марбут ба ИМА ва Фаронса наздик шаванд.
XS
SM
MD
LG