Инҳо, бародарон Даврон ва Неъматулло Айниддинов ҳастанд, ки ҳамчун омӯзгори муввафақ дар мактаби деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ кор мекунанд. Ҳарчанд, Худованд онҳоро бо қади пасту маъюб офарида бошад ҳам, аммо дар зиндагӣ барояшон баландтарин обрӯ миёни сокинонро додааст.
Неъматулло Айниддинов, яке аз ин бародарон мегӯяд, аз хурди талош карданд, то пеши касе мӯҳтоҷ набошанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, роҳравӣ ва нишастан дар курсиҳои мактабу донишгоҳ барояш мушкил буд, вале ӯ ин ҳама мушкилиҳоро пушти сар кардааст.
Неъматулло мегӯяд: «Дар замони Шӯравӣ нафақаи хуби маъюбӣ мегирифтам. Бисёриҳо мегуфтанд, ки куҷо худро ғам дода мехонӣ, ҳамин нафақаатро гирифта хоб кун. Аммо онҳо ба мантиқи зиндагӣ сарфаҳм намерафтанд, ки инсон бояд охирин тавони худро барои пешрафт сарф кунад. Ба ин ҳарфҳо гӯш накардем ва бо вуҷуди мушкилиҳо, Донишгоҳро хатм кардем ва имрӯз шукри Худо зиндагии хубу хуш дорем».
Даврон Айниддинов, дигаре аз ин бародарон, ки то кунун се маҷмӯъаи шеъриаш нашр шудааст, мегӯяд, ба ҷуз дарс додан ба хонандагон дар мактаб, инчунин бо созмонҳои ҷамъиятие, ки бо маъюбон кор мекунанд, ҷиҳати ташвиқи ҳайёти солим ҳамкорӣ дорад. Даврон аҳволи худро бо шеър хулоса мекунад:
Ман рӯҳу равони хаста дорам,
Армони дили шикаста дорам.
Ифшогари рози ошиқонам,
Чун моҳ миёни ахтаронам.
Дилдода маро нахост имрӯз,
Дилдода маро насохт фирӯз.
Ман рӯҳу равони хаста дорам,
Ду пои равони баста дорам.
Дар ҳамин ҳол, Ҳасан Сатторов, омӯзгори собиқадори мактаби деҳаи Кадучӣ мегӯяд, таҷрибаи зиндагии ин ду бародар барои онҳое, ки тани солим доранд, бояд намунаи ибрат бошад.
Ӯ мегӯяд: «Ҳам дар деҳаву мактаб онҳоро ҳамчун инсони даркорӣ эҳтиром мекунанд. Китобхонаи бузург бо дороии беш аз ду ҳазор китоб доранд ва мактаббачагонро ба китоби бадеӣ хондан ташвиқу тарғиб мекунанд. Дар тӯйҳо садри маъракаанд, зеро ҳунари хуби ровигӣ доранд. Ҳама дар деҳа ба онҳо эҳтиёҷ дорад, на онҳо ба дигарон».
Ин ду бародар дар соли 1986 факултаи забон ва адабиёти тоҷикро бо дипломи сурх хатм намудаанд. Ҳоло ба ҷуз омӯзгорӣ, инчунин бо созмонҳои мададрасон низ ҳамкорӣ доранд ва дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ аз обрӯи хос бархӯрдоранд. Дар зиндагии хонаводагӣ ҳам онҳо мувафақанд ва фарзандҳои солим доранд.