Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти рӯдакишиносон дар Душанбе


Абдунабӣ Сатторзода, раиси Бунёди Рӯдакӣ рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба муносибати "Рӯзи РӮдакӣ", ки ҳамасола дар таърихи 22-юми сентябр таҷлил карда мешавад, имрӯз дар Китобхонаи миллӣ нишасти рӯдакишиносон баргузор шуд. Ин маҳфил таҳти унвони «Рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои рушди он» ва бо иштироки донишмандони соҳа доир шуд. Раиси Бунёди Рӯдакӣ Абдунабӣ Сатторзода гуфт, ки Рӯдакӣ ва осори ӯ тақрибан дар Тоҷикистон ва дар кишварҳои дигари форсизабон ҳамаҷониба таҳқиқ ва тафсир шуда, борҳо ба чоп расидааст. Дар ин маҳфил пешниҳод шуд, ки девони мунтахаби устод Рӯдакӣ дар солҳои наздик омода ва аз дасти чоп бароварда шавад. Ба қавли Абдунабӣ Сатторзода, дар ин маҳфил академик Кароматулло Олимов, мудири Китобхонаи миллӣ, академик Носирҷон Салимов ва рӯдакишиносони дигар доир ба паҳлуҳои ашъори Рӯдакӣ гузориш ва суханронӣ карданд.
XS
SM
MD
LG