Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Покистон "Рӯзи муҳаббат ба Паёмбар" эълон шудааст


Дар Покистон эътирозҳо алайҳи филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” ва нашри тасвирҳои ҳаҷвии Паёмбари Ислом дар як маҷаллаи фаронсавӣ боз ба хушунат печиданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар шаҳри Пешовар, издиҳоми хашмин ду кинотеатрро ба оташ кашид ва полис барои парокандасозии эътирозгарон сӯи онҳо оташ кушод. Яке аз шабакаҳои телевизионии Покистон хабар дод, ки дар ин ҳодиса ронандаи мошини ин шабака кушта шудааст.

Ҳукумати Покистон рӯзи ҷумъаро “Рӯзи муҳаббат ба Паёмбар” эълон карда ва аз мардум даъват кардааст, ки гирдиҳамоиҳои осоишта доир кунанд. Мақомот ҳамчунин робитаи телефониро дар шаҳрҳои бузург қатъ кардаанд, то ки иғвогарони эҳтимолӣ мардумро ба хушунат накашанд.

Эътирозҳо алайҳи филми “Бегуноҳии мусалмонҳо”, ки дар ИМА навор гирифта шудааст, дар дигар кишварҳои исломӣ ҳам идома доранд.
XS
SM
MD
LG