Генерал Вилям Бейдлер, мудири бахши банақшагирӣ, сиёсат, стратегия ва барномаҳои кӯмакии фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико бо мақомоти Тоҷикистон масоили амниятӣ дар минтақаро баррасӣ кардааст. Сафорати Амрико дар Душанбе бо нашри як баёния гуфт, дар мулоқоти генерал Бейдлер бо мақомоти марбутаи Тоҷикистон «масоили амниятии мавриди нигаронии тарафайн» баррасӣ шудааст. Дар ин баёния омадааст, фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида омода аст, ба суботу амният дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд. Сафорат мегӯяд, генерал Вилям Бейдлер, ки ба тозагӣ ба мақомаш таъйин шуд, бо ҳадафи ошноӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон сафар кардааст.