Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Саакашвилӣ ба бадрафториҳо дар зиндон


Михайил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон, амр додааст, гурӯҳе аз посбонону афсаронеро, ки бо зиндониён бадрафторӣ кардаанд, ҷазо бидиҳанд. Дар як навори видеоӣ дида мешавад, ки маъмурони як зиндони Гурҷистон бо бераҳмии хосе зиндониёнро азоб медиҳанд. Михайил Саакашвилӣ дар як суханронии телевизиони хост, то тамоми низоми зиндонҳо дар Гурҷистон бознигарӣ шавад: “Бояд низоми зиндонҳоро барҳам дода ва онро аз нав бисозем. Бояд ин корро тавре кунем, ки бо раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ кардем.“ Навори мазкур, ки дар телевизионҳои мутаалиқ ба мухолифини давлати Гурҷистон намоиш дода шуд, хашми мардумро барангехт, ки аз ҷумла дар шаҳри Тбилиси ва чанде аз шаҳрҳои дигар тазоҳурот карданд. Баъди ин вазири маҳбасҳои Гурҷистон истеъфо дод ва ба гуфтаи мақомот даҳҳо посбони зиндонро бо иттиҳоми бадрафторӣ боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG