Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ихроҷи USAID аз Русияро мояи таассуф хонд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддаъоҳои Русия рад кард, ки мегӯяд, USAID ва ё Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико ба сиёсатҳои Русия мудохила мекард. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, ин иддаъоҳо комилан беасосанд ва ихроҷи USAID аз Русия мояи таасуф аст. Ҳукумати Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Русия амр додааст, то Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико ба фаъолияташ дар он кишвар хотима диҳад. Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, ки гӯё ин муассисаи амрикоӣ бо кӯмакҳои молӣ ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ талош дошт, ба интихоботи Русия таъсир гузорад. USAID аз соли 1992 то кунун барои барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва тақвияти ҷомеаи маданӣ дар он кишвар бештар аз 2 миллиарду 600 миллион доллар харҷ кардааст. Давлати Русия хостааст, то USAID аз якуми октябр фаъолияташ дар он кишварро ба поён расонад.
XS
SM
MD
LG