Русия мегӯяд, Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) аз ин кишвар ихроҷ мешавад, зеро саъй намудааст, ба сиёсат ва интихоботи Русия таъсир гузорад. Рӯзи чоршанбе вазорати корҳои хориҷии Русия USAID-ро бо “кӯшиши зери нуфуз даровардани равандҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи сатҳи мухталиф, ва ҳамчунон зери нуфуз даровардани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути грантҳо” муттаҳам кард.
Рӯзи сешанбе сухангӯи департаменти давлатии ИМА Виктория Нуланд дар Вашингтон гуфт, ки сар аз якуми октябр фаъолияти USAID дар Русия мутаваққиф мешавад:
“Ҳузури воқеии USAID дар Русия ба поён мерасад, вале мо ҳамоно аз демократия, ҳуқуқи башар ва рушди ботануманди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Русия пуштибонӣ мекунем ва ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатии Русияро идома медиҳем.”
Узви комиссияи марказии интихоботи Русия Мая Гришина мегӯяд, ки беруншавии USAID ба сифати интихоботи Русия таъсире нахоҳад дошт. Вале ходимони гурӯҳи мустақили нозири интихобот дар Русия бо номи Голос, ки аз USAID грант дарёфт менамуданд, мегӯянд, ки иҷрои барномаҳои онҳо зери хатар қарор гирифтаанд.