Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири маҳбасҳои Гурҷистон истеъфо дод


Хатуна Калмахелидзе-вазири маҳбасҳо ва кумаки ҳуқуқии Гурҷистон хонум
Хатуна Калмахелидзе-вазири маҳбасҳо ва кумаки ҳуқуқии Гурҷистон хонум
Вазири маҳбасҳо ва кумаки ҳуқуқии Гурҷистон хонум Хатуна Калмахелидзе ба истеъфо рафт. Истеъфо баъди намоиши як навори видео дар шабакаи телевизионии мухолифини сиёсии президент Михеил Саакашвилӣ эълон шуд. Навор гӯё дар маҳбаси рақами 8-и пойтахти Гурҷистон таҳия шуда, дар он азияти маҳбусон аз тарафи мақомдорони маҳбас намоиш дода мешавад. Дар пайи намоиши навори видео вазорати умури дохилии Гурҷистон се масъули маҳбаси рақами 8-ро ба ҳабс гирифт. Дар айни замон, ҳукумат баъзе мансабдорони маҳбасро бо ташкили саҳнаи шиканҷаи маҳбусон ва наворгирии ин саҳна бо дархости яке аз маҳбусон бо номи Тамаз Тамазашвилӣ муттаҳам кардаанд. Ба қавли онҳо Тамазашвилӣ бо ҳаракати мухолифин зери раҳбарии миллиардер Бидзина Иванишвилӣ робита дорад. Полис мегӯяд, дар утоқи кории яке аз масъулони боздоштшудаи маҳбас 17 ҳазор доллар пули нақд ва таҷҳизоти наворгирӣ ёфт шудааст. Моҳи октябр дар Гурҷистон интихоботи парламентӣ доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG