Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Барак Обама аз кишварҳои мусулмоннишин


Ба думболи ҳамлаҳо ба намояндагиҳои дипломатии Амрико, раиси ҷумҳур Барак Обама аз мақомоти кишварҳои мусулмоннишин хост, барои муҳофизати шаҳрвандони амрикоӣ дар хориҷ саъйи бештар кунанд. Баъди нашри филми таҳқиромез дар бораи Ҳазрати Муҳаммад дар Интернет, тазоҳургарони хашмгин дар чанде аз кишварҳои мусулмоннишин ба сафоратҳои Амрико ҳамла карданд. Аз ҷумла дар ҳамла ба консулгарии Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Бенғозии Либия Кристофер Стивенс, сафири Амрико ва се дипломати дигар кушта шуданд. Барак Обама, филми зиддиисломиро, ки дар Амрико ба навор гирифтаанд, “иҳонатомез” хонд, вале гуфт, ин видео наметавонад, баҳона барои хушунат шавад. Барак Обама дар ин бора дар мусоҳибае бо телевизиони CBS-и Амрико сухан гуфт.
XS
SM
MD
LG