Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбатҳои баҳсбарангези Митт Ромни нашр шуд


Митт Ромни номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико дар як маҳфили хосе гуфтааст, ки “фаластиниён ҳеҷ майле барои барқарории сулҳ бо Исроил надоранд”. Маҳфили мазкурро махфиёна ба навор гирифта ва дар торнамои маҷаллаи “Mother Jones” гузоштаанд. Дар сӯҳбатҳояш дар ин маҳфил Митт Ромни мегӯяд:"Фаластиниён ҳеҷ майле барои истиқрори сулҳ надорад ва роҳе барои расидан ба сулҳ тақрибан вуҷуд надорад. " Ба гуфтаи Митт Ромни фаластиниён азм доранд, ки “Исроилро вайрон ва нобуд” кунанд ва аз ин рӯ дурнамои сулҳ дар Ховари Миёна торик аст. Дар ин навори видеоӣ, ки моҳи май бардошта шудааст, Митт Ромни дар маҳфили сарватмандони хайрхоҳаш мегӯяд, ки “тақрибан нисфи тарафдорони Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико пойбанди кӯмакҳои ҳукуматанд ва ғамхорӣ дар ҳаққи ин мардум кори ӯ нест.“
XS
SM
MD
LG