Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Иброҳимӣ аз қароргоҳи паноҳандагони суриягӣ


Фиристодаи байнулмилалӣ Ахзар Иброҳимӣ имрӯз аз яке аз қароргоҳҳои паноҳандагони суриягӣ дар Туркия дидан кард. Дар қароргоҳи Алтинёзю, воқеъ дар канори шаҳри Хатай, тақрибан 1300 нафар ба сар мебаранд. Паноҳандагон ҳангоми истиқбол аз Иброҳимӣ алайҳи режими Башор Асад шиор заданд.

Фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия бо мақомоти Туркия мавзӯи вазъи паноҳандагон ва ниёзмандиҳои онҳоро баррасӣ кард. Айни ҳол 83 ҳазор сокинони аз манотиқи гирифтори даргириҳо фироркардаи Сурия дар кишвари ҳамсоя паноҳгоҳ пайдо кардаанд.

Аз оғози низоъ дар Сурия дар якуним соли пеш кишварро тақрибан 250 ҳазор нафар тарк намудаанд. Бар асари даргириҳо ва саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ ҳудуди 20 ҳазор суриягиҳо ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG