Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Раҳмон ба Бадахшон шурӯъ мешавад


Қарор аст, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба Вилояти Кӯҳистони Бадахшон сафар кунад, ки маркази он шаҳри Хоруғ чанде пеш шоҳиди хунрезӣ шуд. Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон аввал ба ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва сипас ба шаҳри Хоруғ биравад. Баъди қатли Абдулло Назаров, сардори Раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон дар рӯзи 21 июл дар ин шаҳр мақомоти интизомии Тоҷикистон амалиётеро барои маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карданд, ки дар натиҷа 70 нафар аз ҷумла 17 маъмури амниятӣ кушта шуданд. Амалиёт сабаби хашму тазоҳуроти мардуми Хоруғ шуд, ки мегӯянд, омилони қатли Абдулло Назаровро метавонистанд, бе амалиёту ҷанг дар шаҳр дастгир кунанд.
XS
SM
MD
LG