Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Либия хост, амниятро тақвият бахшад


Ян Мартин, фиристодаи Созмони Милал дар Либия мегӯяд, ҳамлаи маргбор ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозӣ гӯшзаде ба ҳукумати Либия аст, ки амният дар кишварро беҳбуд бахшад: "Ба фикри ман, ҳамла ба консулгарии Амрико ва марги фаҷеъи Кристофер Стивнес, сафири Амрико, ки дӯсти бузурги Либия буд, як гӯшзаде барои ҳукумати Либия аст, ки тамоми кори заруриро анҷом дода ва назорати комили амниятро ба даст бигирад.” Дар ин ҳамла дар ҳафтаи гузашта, Кристофер Стивенс, сафири Иёлоти Муттаҳида ва се дипломати дигари амрикоӣ кушта шуданд. Мақомоти Либия ва Амрико саъй доранд, то дастандаркорони ин ҳамларо пайдо намоянд. То кунун маълум нест, ки ҳамла аз пеш тарҳрезӣ шуда буд ва ё тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи филми зиддиисломии таҳияшуда дар Амрико дар назди консулгарӣ дар Бенғозӣ ба чунин хушунат печид.
XS
SM
MD
LG