Фаридун Аббоси Девонӣ, мудири Созмони Энержии Атомии Эрон, рӯзи душанбе аз харобкорӣ дар хатти интиқоли нерӯи барқ дар таъсисоти атомии Эрон хабар дод. Ӯ дар нишасти Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар шаҳри Вена гуфт, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ба таъсисоти ғанисозии ураниуми Фордо рӯзи 17 август бар асари инфиҷор канда шудаанд. Ба гуфтаи Фаридун Аббоси Девонӣ як рӯз баъд аз харобкорӣ дар хати интиқоли нерӯи барқ, нозирони байналмилалӣ аз Эрон хостанд, барои арзёбии натиҷаи садама ба таъсисоти Фордо бираванд. Ба гуфтаи мудири Созмони Энержии Атомии Эрон, ба ҳамин далел мумкин аст, террористону харобкорон ба Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ роҳ ёфта бошанд. Ӯ афзуд, ки бар асари таркиш ҳамчунин хати интиқоли барқи таъсисоти ғанисозии ураниуми Натанз осеб дидааст. Оҷонси мазкур иттиҳомот дар бораи саъйи Эрон барои сохти силоҳи атомиро таҳқиқ мекунад, иддаоъое, ки пайваста Эрон рад кардааст.