Дар Тоҷикистон имрӯз марҳилаи дуввуми маъракаи ҷилавгирӣ аз олудагии кӯдакон ба кирми рӯда оғоз меёбад. Сар аз имрӯз то 28 сентябр ба тақрибан якуним миллион нафар кӯдак ва наврасони аз 7 то 17-сола доруҳои ройгон тақсим мекунанд, то аз ин роҳ монеъи густариши беморӣ дар миёни онҳо шаванд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ тайи солҳои ахир олудагии бачаҳо ба кирми рӯда афзоиш ёфтааст. Сайфиддин Каримов, мудири Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, солона дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 35 то 40 ҳазор нафар барои муолиҷаи ин беморӣ ба табибон муроҷиат мекунанд. Кирми рӯда сабаби рушди номуносиб ва аз ҷумла кундзеҳнии кӯдакон мешавад дар баъзе ҳолат метавонад ба марг бирасонад.