Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовирони эронӣ дар Сурияву Лубнон будаанд


Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ, сарфармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, мегӯяд, мушовирони ин воҳиди нерӯманди артиши ҷумҳурии исломӣ дар Лубнону Сурия кор мекунанд. Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ рӯзи якшанбе дар Теҳрон ба хабарнигорон гуфт, ин мушовирон дер боз дар Либия ва Сурия ҳастанд, аммо ин гуфтаашро тавзеҳ надод. Фармондеҳи эронӣ афзуд, кишвараш ҳанӯз қароре дар бораи кӯмаки бештар барои ҳифзи режими Башшор Асад дар Сурия нагирифтааст. Кишварҳои ғарбӣ Эронро муттаҳам мекунанд, ки барои фӯру нишондани қиёмҳои мардумӣ, Сурияро бо аслиҳа таъмин мекунад. Дар ин низоъи 18 моҳа дар Сурия бештар аз 20 ҳазор нафар кушта шудаанд. Шореҳон баёнияи Муҳаммад Алӣ Ҷаъфариро аломати возеҳи кӯмакҳои мустақими Эрон ба шарикони аслии арабиаш Башор Асад ва созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон медонанд.
XS
SM
MD
LG