Фавзӣ Абдулъол, вазири умури дохилии Либия, дар тавзеҳи хабари ҳамла ба консулгарии Амрико дар Бенғозӣ гуфт, ки то кунун чаҳор нафар дар робита ба ин ҳамла боздошт шудаанд. Пештар аз ин Муҳаммад Мақория, раиси порлумони Либия гуфта буд, ки 50 нафар дар робита ба ин ҳамла боздошт шудаанд. Ӯ афзуд: “Яқинан ин ҳамла тарҳрезӣ шуда буд. Онро хориҷиёне, ки тарҳрезӣ карда будаанд, ки чанд моҳ пеш ба кишвар ворид шуданд. Онҳо ин амали ҷиноиро аз замони вурудашон тарҳрезӣ кардаанд.“
Ҳамла рӯзи сешанбе дар ҷараёни як тазоҳурот алайҳи филме сурат гирифт, ки коргардони ношиносе онро дар Амрико ба навор бардошта ва дар он дини ислом ва Ҳазрати Муҳаммадро масхара кардааст. Бар асари ҳамла ба консулгарӣ сафири Амрико дар Либия ва се амрикоии дигар кушта шуданд. Ҷузъиёти бештар дар идомаи барнома.