Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ИМА ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон


Ба думболи ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии Амрико дар Либия ва Миср ва Яман дар ҳафтаи гузашта, сафорати Амрико дар Душанбе аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ҳушёр бошанд. Сафорат дар хитобае дар торнамои худ мегуяд, агарчӣ иттилоъе дар бораи вуқӯъи ҳодисаҳои шабеҳ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, вале бо вуҷуди ин шаҳрвандони Амрико бояд ҳушёр бошанд. Дар ин баёния ба шаҳрвандони Амрико ёдрас кардаанд, ки аз ҳузур дар маҳалҳои эҳтимоли тазоҳурот ва ё ҳамоишҳои бузург парҳез кунанд. Аз рӯзи 11 сентябр ба инҷониб дар теъдоде аз кишварҳои мусулмоннишин тазоҳурот алайҳи филме идома дорад, ки дар он Ҳазрати Муҳаммад истеҳзо шудааст. Аз ҷумла дар ҳамла ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия сафири Иёлоти Муттаҳида ва се амрикоии дигар кушта шудандё. Филми мазкур бо номи “Мусулмонони Бегуноҳ”-ро як коргардони ношинос дар Амрико ба навор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG