Полиси Покистон мегӯяд, дар натиҷаи таркиши бомбаи канори роҳ дар шимоли ин кишвар камаш 14 нафар ҳалок шуданд. Ба қавли полис маводи тарканда замоне фаъол шуд, ки сокинони як деҳа дар болои мошини боркаш ба бозори воқеъ дар назди марз бо Афғонистон ҳаракат рдоштанд. Ҳамин манбаъ мегӯяд, ки аз байни қурбониҳо се нафар зан ва се нафар кӯдак будаанд. Хабарнигорон навиштаанд, ки сокинони минтақаи Дири Поён дарм убориза бо Толибон ба нерӯҳои давлатӣ кумак мерасонанд. Ба қавли шореҳон бомбгузориҳои хунини Толибон яке аз сабабҳои коҳиши дастгирии ин ҷунбиши ифрогарои исломӣ дар шимоли Покистон аст.