Рӯзи якшанбе паймони НАТО изҳор намуд, ки ахиран дар ҷануби Афғонистон чор сарбози паймон ба ҳалокат расидаанд ва эҳтимолан дар куштори онҳо афсарони полиси афғон даст доранд.Тафсилоти бештаре дода нашуд, вале қабл аз он дар вилояти ҷанубии Ҳилманд як афсари полиси афғон ду сарбози Британияро ба қатл расонда, се нафари дигарро маҷрӯҳ намуд. Сипас бо оташи ҷавобӣ ӯро ба қатл расонданд.
Аз оғози сол то кунун дар Афғонистон камаш 51 сарбози нерӯҳои байналмилалӣ дар ҷараёни “ҳамлаҳои дохилӣ” кушта шудаанд. Моҳи равон вазорати мудофиаи Афғонистон гуфта буд, ки садҳо афсару сарбози афғонро, ки эҳтимолан бо ошӯбгарон робита доштаанд, ҳабс ва ё аз хидмати аскарӣ берун кашидааст.