Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО мегӯяд, афсари полиси афғон ду сарбозро кушт


Паймони НАТО мегӯяд, як мард, ки эҳтимолан узви полиси маҳаллии афғон аст, рӯзи шанбе бар муқобили сарбозони зери раҳбарии НАТО силоҳ бардошта, ду сарбозро ба қатл расондааст. То ҳол тафсилоти бештар дастрас нест. Мансабдорони афғон ва фармондеҳони НАТО аз афзоиши ҳамлаҳои дохилӣ дар ташвишанд. Соли равон ин гуна ҳамлаҳо ҳаёти 47 афсару сарбози НАТО-ро аз байн бурдаанд.
XS
SM
MD
LG