Аз минбари ҷамъомад раҳбарони мухолифин талаб карданд, ки дар Русия ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ роҳандозӣ шуда, интихоботи одилона барпо шавад. Барои таъмини амният дар рафти эътироз бар зидди ҳукуматдории президенти Русия -- Владимир Путин тахминан 7 ҳазор афсари амниятиву пулис сафарбар шуданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав Том Балмфорс гуфт, раҳпаймоиро афсарони пулис ва гурӯҳи таъйиноти махсус ё ОМОН дар замин ва чархболҳо аз ҳаво назорат карданд.
Сергей Удалтсов, яке аз пешвоёни мухолифин, гуфт, ки “шиори мо қатъи таъқиби сиёсист.” Ӯ шикоят дорад, ки ҳарчанд аз гирдиҳамоии охирини мухолифон се моҳ мегузарад, ҳукумат ягон талабу шарти онҳоро иҷро накард. “Президент аз воқеият канда шудааст. Ӯ бо турнаҳо парвоз намуда, ба фикрам аз боло ба рӯи мардум туф мекунад",-илова кард ӯ.
Ба қавли Удалтсов, ҳадаф аз “марши миллионҳо” маҷбур намудани ҳукумат ба муколама бо мухолифин аст. Собиқ нахуствазири Русия, Михаил Касянов, низ иброз дошт, ки ҳадафи эътирозгарон ба сари мизи музокирот шинондани мақомот аст: “Мо бояд фишор болои ҳукуматро давом диҳем. Ҳадаф раҳоии маҳбусони сиёсӣ, қатъи таъқиби сиёсӣ ва муколамаи мақомот бо мухолифин ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандист, ки дар он интихоботи озод барррасӣ мешавад."
Дар “Марши миллионҳо” бузургтарин гурӯҳи мухолифи ҳукумат дар парлумони Русия - Ҳизби коммунист ҳам иштирок кард. Аммо сармоядори рус, Михаил Прохоров, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия ҷои сеюмро ишғол кардааст, ба хабарнигорон гуфт, дар раҳпаймоии эътирозӣ ширкат нахоҳад варзид, зеро эътироз барномаи мушаххас надорад.
Созмондиҳандагони раҳпаймоӣ аз идораи шаҳрдории Маскав иҷозат гирифта буданд, ки то 25 ҳазор нафарро ба кӯчаҳои пойтахти Русия бароранд. Нисфрӯзии шанбе, 15-уми сентябр, пулис гуфт, дар раҳпаймоӣ тахминан 14 ҳазор нафар иштирок кардаанд. Вале ба қавли ташкилкунандагон дар “Марши миллионҳо” камаш 150 ҳазор пайрави мухолифин ҳузур доштанд.
Аввалин эътирози дастаҷамъии мухолифин дар се моҳи ахир замоне доир мешавад, ки Маҷлиси поёнии порлумони Русия - Думаи давлатӣ вакили мардумӣ Геннадий Гудковро аз салоҳиятҳояш маҳрум карда, масуният дар муқобили тафтиши ҷиноии номбурдаро аз байн бурдааст. Мухолифин мегӯянд, лағви салоҳиятҳои Гудков, ин як бахши барномаи Путин ба хотири барканории танқидкунандагони ҳукумат аст.
Хабаргузориҳо хотирнишон мекунанд, ки ҳамчунон ин аввалин эътирози дастаҷамъӣ баъд аз эълони ҳукми се хонуми гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot аст, ки пас аз ҳунарнамоии эътирозӣ бар зидди Путин лар Калисои Исои наҷотбахши Маскав аз озодӣ марҳум шудаанд.