Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Ром: "Бунёдгароӣ таҳрифи дин аст!"


Попи Ром Бенедикти XVI дар фурудгоҳи Бейрут
Попи Ром Бенедикти XVI дар фурудгоҳи Бейрут
Рӯзи ҷумъа Попи Ром Бенедикти XVI (Benedict XVI) вориди Лубнон шуд. Ин аввалин сафари пешвои калисои католики романӣ ба Лубнон дар 15 соли ахир аст. Пешбинӣ мешавад, ки дар ҷараёни сафари серӯза Поп ба ваҳдати ҳамаи мазҳабҳои насронӣ ва мусолиҳа миёни насрониҳову мусулмонон даъват хоҳад кард. Дар фурудгоҳи Бейрут Бенедикти XVI гуфт, бунёдгароӣ ё худ фундаментализм таҳрифи дин аст:
Бунёдгароӣ таҳрифи дин аст, зеро моҳияти ҳар дин эҷоди сулҳи яздонӣ дар саросари олам мебошад”.
Поп ба Баҳори Араб, ки баъзе раҳбарони худкомаро барканор кардааст, баҳои баланд дод, вале афзуд, ки озодӣ набояд бо худ таассуб орад. Аз миёни тахминан 4 миллион аҳолии Лубнон 40 дар сад насронӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG