Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машруботи заҳролуд ҳаёти 19 чехро аз байн бурд


Дар ҷумҳурии Чех фурӯши машруботи алкоҳолӣ манъ шуд, зеро рӯзҳои ахир бар асари заҳролудшавӣ бо метанол чанд нафар ба ҳалокат расидаанд. Вазири беҳдошт Леош Ҳегер гуфт, фармони манъи фурӯши алкоҳол баъди марги камаш 19 нафар дар натиҷаи нӯшидани водка ва ром содир шуд. Даҳҳо нафари дигар дар шифохонаҳо бистарӣ шудаанд. Ба қавли коршиносон аксари заҳролудшудаҳо аз манотиқи шимолу шарқии ҷумҳурии Чех мебошанд.
XS
SM
MD
LG