Рӯзи ҷумъа дар теъдоде аз кишварҳои мусулмоннишин тазоҳургарони хашмгин алайҳи филме эътироз карданд, ки дар он Ҳазрати Муҳаммадро ба масхара кашидаанд. Аз ҷумла дар Судон, Лубнон ва Яман, тазоҳургарон бо маъмурони пулис даргир шудаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 5 ҳазор тазоҳургар ба сафоратҳои Бритониё ва Олмон дар шаҳри Хартум пойтахти Судон ҳамла карда ва онҳоро оташ задаанд. Дар шаҳри Троблус дар шимоли Лубнон исломгароён, як ресторани ғарбиро ба оташ кашидаанд. Дар инҷо дар натиҷаи бархӯрд бо пулис, як нафар кушта ва 25 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Пештар аз ин дар Санъо дар пойтахти Яман пулис, тазоҳургарони хашмгинеро пароканда кард, ки ба самти сафорати Амрико равона буданд. Дар Мисру Индонезия, Эрон ва Афғонистон ҳам тазоҳурот сурат гирифтааст.