Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қазоқистон шаҳрдори собиқро ҷазо дод


Додгоҳи Қазоқистон, раиси собиқи шаҳри Жанаозен, саҳнаи нооромиҳо дар соли гузаштаро бо гуноҳи сӯистифода аз мақом ба ду соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи додситонҳо, Жалғас Бобохонов аз соли 1999 то соли 2009 замони раисиаш дар шаҳри Жанаозен қисмате аз маблағҳои як ширкати нафтиро аз они худ кардааст. Жалғас Бобохонов, соли 2011 замони ошӯби коргарони як ширкати маҳаллии нафтӣ, ки 16 кушта бар ҷой гузошт, дигар раис набуд, аммо мақомоти интизомӣ чанд мақоми маҳаллиро барои аз худ кардани маблағҳое пешбинишуда барои коргаронро барои ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд. Уроқ Сарбопеев, раиси дигари собиқи Жанаозен низ бо иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG