Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зиддиамрикоӣ барои филми "Маъсумияти мусулмонон"


Тазоҳурот дар Санъо-пойтахти Яман
Тазоҳурот дар Санъо-пойтахти Яман
Баъд аз ба намоиш даромадани як филми хусусӣ, ки эътибори Муҳаммад-паёмбари исломро поин мебарад, эътирозгарон дар Санъо-пойтахти Яман ба сафоратхонаи Амрико ҳамла бурданд ва тирезаҳоро шикастанд. Мошинҳоро ба оташ кашиданд ва парчами Амрикоро сӯзонданд. Пулис ба ҳаво тир холӣ кард, эътирозгаронро бо мошини обпош ва газҳои ашковар пароканда сохт.

Дар Миср эътирозкунандагон рӯзи севвуми тазоҳуроти худро бар зидди ин филм дар назди сафоратхонаи Амрико дар Қоҳира паси сар карданд.

Дар Ироқ ҳазорон нафар пайравони мазҳаби шиа дар шаҳраки Садри Бағдод раҳпаймоӣ анҷом доданд.

Аммо дар Либия, ки рӯзи сешанбе дар ҳамлае ба консулгарии Амрико дар Бенғозӣ сафири Амрико ва се корманди сафоратро ба қатл расонданд, нахуствазир Мустафо Абу Шагур гуфт, ки дар робита бо ин ҳамла чанд нафари дигар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG