Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз истифодаи сиёсии низоми адлияи Русия


Эътирози ҳаводорони Pussy Riot дар Сербия
Эътирози ҳаводорони Pussy Riot дар Сербия
Рӯзи панҷшанбе Парламенти Аврупо қатънома ба тасвиб расонида, Русияро бо истифодаи низоми адлия барои пешбурди ҳадафҳои сиёсӣ маҳкум кард. Дар қатънома ҳамчунон ташвиш аз ҳукми номутаносиби се узви гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot зикр шудааст. Дар қатъномаи Парламенти Аврупо гуфта мешавад, ки қазияи Pussy Riot боз як шаҳодати афзоиши фишору таъқиби фаъолони мухолифи ҳукумат дар Русия аст. Дар қатънома нигаронӣ аз сарнавишти фаъоли мухолифин Таисия Осипова ёд шудааст, ки бо ҳукми додгоҳ ба муддати 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Вакилони парламенти аврупоӣ аз боз шудани парвандаҳои ҷиноии пешвоёни мухолифин Алексей Навалний, Борис Немтсов ва Сергей Удалтсов дар ташвиш мебошанд. Қатънома аз Маскав даъват кардааст, ки қотилони рӯзноманигор Анна Политковская ва ҳомии ҳуқуқи башар Наталия Эстемироваро пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашанду таҳқиқи мустақилонаи қазияи вакили мудофиа Сергей Матнитскийро раҳандозӣ намояд. Муборизи зидди фасод Магнитский соли 2009-ум дар зиндон ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG