Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Либия нерӯ фиристод


Баъди куштори сафири ИМА дар шаҳри Бенғозӣ ИМА ба Либия ду киштӣ ва 50 сарбози баҳрӣ фиристод. Сарбозон дар таъмини амнияти ходимони сафорати ИМА дар шаҳри Троблус саҳм хоҳанд гирифт. Шумораи ходимони сафорат коҳиш дода шудааст. Баъди ҳамлаи рӯзи сешанбе кормандони консулгарии ИМА аз Бенғозӣ ҳам берун кашида шуданд. Президенти ИМА Барак Обама аз раҳбарони Мисру Либия даъват кард, ки ҳамкориҳоим амниятиро баррасӣ кунанд. Рӯзи сешанбе гурӯҳи мусулмонони аз як филм ба шӯр омада, болои сафорати ИМА дар Қоҳира низ ҳамла карда буданд. Ба қавли онҳо дар ин филм, ки дар Амрико тавлид шудааст, муаллифон ба тавҳини пайғамбари дини Ислом роҳ додаанд. Дар гузоришҳои ибтидоӣ гуфта мешуд, ки сафир ва се корманди сафорати Амрико дар Либияро сокинони ба ғазаб омадаи Бенғозӣ ба қатл расондаанд. Вале ҳозир Вашингтон таҳқиқ дорад, ки оё воқеан ҳамларо мухолифини филм ташкил кардаанд ва ё ҳампаймонҳои созмони террористии ал-Қоида эътироз бар зидди филмро ҳамчун баҳона барои раҳандозии ҳамлаи шабеҳи ҳуҷумҳои 11-уми сентябри соли 2001-ум истифода бурдаанд.
XS
SM
MD
LG