Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи шаҳраки қадимии тоҷикон дар Дарвоз


Бостоншиносони Тоҷикистон дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон шаҳраки бостониеро кашф кардаанд, ки дар таърихи мардуми тоҷик сафҳаи наверо боз хоҳад кард.

Дар ин бора Би Би Си хабар додааст. Ин шаҳрак бо номи Каррон дар қаламрави ноҳияи Дарвоз кашф шудааст ва дорои қалъаест, ки масоҳаташ бештар аз 1 ҳекторро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии шаҳрак 30 ҳектор будааст ва ба қарни 9 тааллуқ дорад.

Коршиносон гуфтаанд, ки ин шаҳрак ба фарҳанги қабл аз исломии тоҷикон тааллуқ мегирад ва яке аз бузургтарин қалъаҳо дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG